Мирзиёев: Аз марги ҳамватанони муҳоҷирам андӯҳгинам (видео)
Раисиҷумҳури Узбакистон дар сафари корӣ ба Тирмиз ва дар оромгоҳи Ҳаким Тирмизӣ барои қурбониёни фоҷиаи оташсӯзии автобуси ҳомили муҳоҷирони кории узбак дар Қазоқистон, дуо кард.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Шавкат Мирзиёев, ки ба хотири масоили корӣ ба устони Тирмиз дар ҷануби Узбакистон сафар карда буд, рӯзи шанбе ҳангоми зиёрати мақбараи Ҳаким Тирмизӣ, ба ёди 52 муҳоҷири узбак, ки рӯзи 18 январ дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар роҳи сафар ба Русия бар асари оташсӯзӣ дар автобус ҷон бохтанд, даст ба дуо бардошт.
Раисиҷумҳури Узбакистон, ки сафари кории худро бо мулоқот бо сокинони Тирмиз ва як дақиқа сукут ба ёди муҳоҷирони кушта шуда оғоз кард, бо бастагони онон низ изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, аз марги ҳамватанонаш, ки "ҷавон ва мусулмон буданд ва ба думболи ёфтани як луқма нон барои фарзандон ва волидайн ба мулки бегона рафта буданд", сахт андӯҳгин шудааст.
Мирзиёев гуфт, «ин фоҷиа баъзе аз ҳақиқатҳои талх аз ҷумла ин мавзӯро, ки мардум дар ватани худ шароити иштиғоли муносиб надоранд, нишон медиҳад. Фоҷиаи рух дода ба мо хотиррасон мекунад, ки мо дар назди мардум ҳанӯз хеле қарз дорем.»
Вай афзуд, «ин фоҷиа нишон медиҳад, ки мо роҳбарони давлат ба хатоҳои зиёде даст задаем. Мардуми бечора маҷбӯранд, ки дар кишварҳои дигар ҷойи кор биҷӯянд. Чун мо натавонистем барои эшон шароити иштиғолро фароҳам кунем.»
Мушаххас шудааст автобусе, ки ин муҳоҷирон бар он савор будаанд охирин бор ду сол пеш аз муоинаи фаннӣ, гузашта ва ронандагонаш иҷозатномаи интиқоли мусофирон аз Осиёи Марказӣ ба Русияро надоштанд.