Январ 27, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи содироти барқи Қирғизистон ба Узбакистон ва Қазоқистон

Қирғизистон содироти барқ ба Узбакистон ва Қазоқистонро мутаваққиф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Тошканд, раиси Ширкати миллии энержии Қирғизистон, рӯзи ҷумъа таваққуфи содироти барқи ин кишвар ба Узбакистон ва Қазоқистонро таъйид кард.

Алибек Калиев гуфт, ин иқдом муваққатӣ ва иллати он ҳам коҳиши шадиди дамо ва афзоиши масрафи барқ дар Қирғизистон аст.

Ӯ пешбинӣ кард, бо афзоиши дамо ва поёни фасли сармо, шароит барои содироти дубораи барқ ба Узбакистон ва Қазоқистон фароҳам шавад.