Июл 18, 2016 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ду кушта дар ҳамлаи мусаллаҳи афроди ношинос дар Қазоқистон

Дар ҳоле, ки мардуми Қазоқистон ҳануз хотираи ҳамалоти мусаллаҳонаи моҳи гузаштаро аз хотир набурдаанд, субҳи имрӯз дастиками 10 бор садои тирандозӣ дар Алмаато, бузургтарин шаҳри ин кишвар шунида шуд ва ду маъмури полис дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуданд.

Ба иттилои Раша Тудей, мақомҳои амниятии Қазоқистон эълом карданд: Дар ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар шаҳри Алмаато 2 маъмури полис кушта ва шуморе захмӣ шуданд.

Мақомҳои амниятии Қазоқистон тасреҳ карданд, яке аз омилони тирандозӣ дар Алмаато аз сӯи нерӯҳои ин кишвар боздошт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, имрӯз дастикам 10 бор садои тирандозӣ дар Алмаато шунида шудааст.

5-и июн низ бар асари ҳамалоти террористӣ ба як воҳиди низомии горди миллӣ ва теъдоде аз мағозаҳои‌ аслиҳафурӯшӣ дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 23 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Барчасп