Хисороти тағйироти обу ҳавоӣ ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ
(last modified Tue, 30 Jan 2018 07:22:28 GMT )
Январ 30, 2018 12:22 Asia/Dushanbe
  • Хисороти тағйироти обу ҳавоӣ ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ

Коршиносони масоили муҳити зист дар бораи идомаи завб шудани пиряхҳо дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон ва паёмадҳои он барои Осиёи Марказӣ ҳушдор додаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Осиёи Марказӣ, донишмандони ҳозир дар Ҳамоиши байналмилалии муҳити зисти минтақа, ки дар Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, аз эҳтимоли завб шудан 50 дарсад аз пиряхҳо дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо ду дараҷа афзоиши дамои ҳаво дар чанд соли оянда ибрози нигаронӣ карданд.

Дар даҳаҳои ахир як сеюм аз масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон дар асари гарм шудани ҳаво ва тавлиди газҳои гулхонаӣ завб шудаанду хатари коҳиши 30 дарсадии ин манобеи табиӣ дар ояндаи наздик вуҷуд дорад .

Донишмандон таъкид мекунанд, ба иллати гарм шудани ҳаво ва тағйири шароити иқлимӣ аз 14 ҳазор пиряхи бузургу кӯчаки табиӣ дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон як пирях ба таври комил аз байн рафта ва хатари завб шудани дигар пиряхҳо низ афзоиш меёбад .

Дар Қирғизистон раванди завб шудани пиряхҳо солҳои ахир раванди хатарноке ба худ гирифтааст.

Дар Ҳамоиши байналмилалии муҳити зисти минтақа, ки бо ҳузури беш аз 200 нафар аз донишмандону коршиносони масоили муҳити зист баргузор шуд, бар зарурати тадвини барномаи ҷомеи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ва бо ҳадафи наҷоти дарёчаи Арал ва ҷилавгирӣ аз идомаи завб шудани пиряхҳои табиӣ дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон таъкид шуд .