Январ 30, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Нахустин ҳамоиши саросарии тоҷикони муқими Узбакистон

Барои нахустин бор дар пойтахти Узбакистон, ҳамоиши саросарии тоҷикон ва форсизабонони муқими ин ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ба гузориши  манобеъи маҳаллӣ дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 27 январ баргузор шудааст беш аз 100 тан аз аҳли қалам ва равшанфикрон аз вилоятҳои мухталифи Узбакистон ҳузур доштанд.

Дилшода Фарҳодзода-бонуи шоираи сокини Самарқанд, ки дар ҳамоиши Тошканд шеърҳои худро барои ҳозирон хонд дар як суҳбати радиоӣ гуфттаст, ки ширкаткунандагони ин ҳамоиш дардидилҳо ва пешниҳодҳои худро дар бораи мушкилот ва масоили фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарӣ изҳор доштанд.

Қарор шудааст, ки аз ин пас ҳамоиши саросарии тоҷикони муқими Узбакистон ба таври муназзам баргузор шавад.

Гуфтанист ин ҳамоиш дар ҳоле баргзор шуд, ки дар тули раҳбарии Ислом Каримов-раиси ҷумҳури пешини Узбакистон тоҷикони муқими ин ҷумҳурӣ тақрибан аз тамомии имтиёзҳои илмӣ ва фарҳангӣ маҳрум ва ба ҳошия ронда шуда буданд.