Январ 30, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Собиқ Вазири умури дохилии Узбакистон боздошт шуд

Вазири умури дохилии собиқи Узбакистон дар амалиёти муштараки гурӯҳи вижаи Горди раёсатҷумҳурӣ, ВУД ва Додситонии кулли ин кишвар дар Тошканд боздошт шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Осиёи Марказӣ”, Адҳам Аҳмадбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи ВУД-и Узбакистон бозҷӯӣ мешавад. Бинобар ин гузориш, боздошти вазири кишвари собиқи 52-солаи Узбакистон як моҳ пас аз тарҳи иттиҳомот алайҳи ӯ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар анҷом шуд.

Раисҷумҳури Узбакистон соли гузашта тайи як суханронӣ дар парлумон вазири умури дохилиро ба хиёнат муттаҳам ва эълом кард, ки рутбаи генерал-лейтинантро, ки дар соли 2014 Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди ин кишвар ба Аҳмадбоев эъто карда буд, аз ӯ пас гирифтааст. Мирзиёев Аҳмадбоевро ба ҳамкорӣ бо яке аз гурӯҳҳои мухолифи давлат муттаҳам кард.

Адҳам Аҳмадбоев аз моҳи декабри соли 2013 то январи соли 2017 вазири умури дохилии Узбакистон буд. Ӯ як моҳ пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон барканор шуд ва пас аз барканорӣ ба симмати мушовири умури нерӯи интизомии раисҷумҳури Узбакистон мансуб шуд, вале се моҳ баъд аз ин симмат низ барканор шуд. Адҳам Аҳмадбоев қабл аз боздошт ба унвони устод дар Омӯзишгоҳи олии ВУД-и Узбакистон тадрис мекард.