Боздошти ҳафт табааи Узбакистон дар минтақаи марзии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Wed, 31 Jan 2018 11:51:54 GMT )
Январ 31, 2018 16:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳафт табааи Узбакистон дар минтақаи марзии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Ҳафт табааи Узбакистон, ки қасди вуруди ғайриқонунӣ аз марзи ҷумҳурии Озарбойҷон ба дохили марзҳои ҷумҳурии исломии Эронро доштанд, боздошт шуданд.

27 январ ҳафт табааи Узбакистон, ки қасд доштанд, бо гузарномаҳои ҷаълӣ аз марзи “Шоҳ Тахтӣ”-и ин ҷумҳурӣ вориди хоки Эрон шаванд, дар амалиёти нерӯҳои марзбонии он кишвар боздошт шуданд .

Ин атбои Узбакистон пас аз боздошт, ба идораи муҳоҷирати ҷумҳурии Озарбойҷон таҳвил дода шуданд .

Ин дар ҳолест, ки қаблан дастгоҳи амниятии ҷумҳурии Озарбойҷон аз дастгирии 11 муттаҳам ба фаъолияти ҷосусӣ дар манотиқи марзии ин кишвар хабар дода буд .