Феврал 03, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷлоси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Алмаато

Иҷлоси Шӯрои байнидавлатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯзи ҷумъа дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор ва дар поёни он 14 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Осиёи Марказӣ”, дар ин иҷлос созукорҳои эъмоли сиёсатҳои ҳамоҳангшуда, шароити иқтисоди калони кишварҳои узви ин иттиҳод ва пешниҳодҳо барои таъмини рушди иқтисоди пойдор баррасӣ шуд.

Ин иҷлос бо ҳузури нахуствазирони Русия - Қазоқистон - Беларус- Қирғизистон ва Арманистон ва ҳамчунин раиси Комиссияи иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд.

Нахуствазири Қазоқистон дар ин иҷлос гуфт, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар се соли гузашта фаъолияти қобили таваҷҷуҳ дошта ва дар иҷлоси Алмаато низ асноди муҳиме барои тақвият ва тавсеаи равобит байни кишварҳои узв тасвиб шуд.

Иҷлос баъди Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли оянда дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус баргузор хоҳад шуд.