Феврал 05, 2018 12:59 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба Ӯзбакистон

Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар раъси ҳайати расмӣ ба Тошканд сафар кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, ҳайати расмии Тоҷикистон ба раёсати Азим Иброҳим, муовини нахуствазири ин кишвар имрӯз - 5 –уми феврал ба Тошканд сафар кард.

Дар ин сафари ҳайати Тоҷикистон ҷаласот ва музокирот бо мақомоти давлат, вазоратхонаҳо ва идороти Ӯзбакистон барномарезӣ шудааст ва дар ҷараёни ин нишастҳо масоили равобити дуҷониба мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.

Яке аз аҳдофи аслии дидори ҳайати расмии Тоҷикистон бо мақомоти ӯзбак омодагӣ ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон унвон мешавад, ки авоили моҳи марти соли ҷорӣ барномарезӣ шудааст.

Тарафайн ҳамчунин ҷузъиёти пешнависи тавофуқномаҳое, ки қарор аст дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон миёни Душанбе ва Тошканд ба имзо бирасад, баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин чорчӯб 10-уми январ конфронси байнидавлатии тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Ӯзбакистон ва нишасти комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ду кишвар дар ин заминаҳо ба тавофуқоти аввалия даст ёфтанд.

Пас аз нишасти Душанбе, вазоратхонаҳо ва созмонҳои марбутаи ду кишвар муваззаф шуданд бо таҳияи пешнависи тавофуқномаҳо заминаи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дар бахшҳои ҳамлу нақл, иртиботот, тиҷорат, иқтисод ва гузаргоҳҳои марзӣ фароҳам кунанд.