Равобити кишварҳои Осиёи марказӣ; дар ҳоли беҳбуд
(last modified Tue, 06 Feb 2018 05:35:03 GMT )
Феврал 06, 2018 10:35 Asia/Dushanbe
  • Равобити кишварҳои Осиёи марказӣ; дар ҳоли беҳбуд

Муовини мудири Пажуҳишгоҳи умури кишварҳои ИДМ дар Русия муътақид аст тайи як соли ахир ба далели тағйири қудрат дар Узбакистон равобити миёни ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ру ба беҳбуд ниҳода аст, ки ин амр ба нафъи Маскав мебошад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Владимир Жарихин гуфт: Тайи як соли ахир пас аз руйи кор омадани давлати нав ба раёсати Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон мо шоҳиди беҳбуди қобили мулоҳизае дар равобити миёни ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ҳастем, ки ин ба нафъи Русия низ ҳаст; чароки қаблан ихтилоф миёни сарони кишварҳои Осиёи марказӣ бар сари истифода аз манбаъҳои оби минтақа шадид буд ва Маскав борҳо талош кард то мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин маврид ба тавофуқ бирасанд. Аммо акнун дар баҳси истифода аз манбаъҳои оби минтақа пешрафтҳое мушоҳида мешавад, ки заминасози канор гузоштани ихтилофоти пешин ва таомули созанда миёни кишварҳои Осиёи марказӣ хоҳад буд.

Аз дидгоҳи вай барои Русия беҳбуди равобит миёни кишварҳои Осиёи марказӣ низ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст; чароки муҷиби тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии Маскав бо ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ барои муқобила бо таҳдидоти террористӣ дар қаламрави кишварҳои ҷомеаи  Ҳамсуд мешвад. Кишварҳои минтақа низ бештар руйи масоили дохилии худ аз ҷумла ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва бекорӣ ва фақр тамаркуз мекунанд, ки то андозае аз вобастагии ин ҷумҳуриҳо ба даромади молии ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ хоҳад кост.