Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ба Туркманистон расид + тасвир
(last modified Thu, 08 Feb 2018 08:53:49 GMT )
Феврал 08, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ба Туркманистон расид + тасвир

Ҷоми рақобатҳои Ҷаҳонии Футбол барои аввалин бор вориди Ишқобод, пойтахти Туркманистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Ишқобод, дар таркиби намояндагони ФИФА Кристиан Карамбё, бозикуни футбол ва Ҳофбеки аҳли Фаронса низ ҳузур дошт ва ба ин муносибат дар маркази тиҷории “Барқарор” дар Ишқобод барномаи муфассали варзишӣ ва ҳунарӣ баргузор ва ҷоми ФИФА ба намоиш гузошта шуд.

Тури байналмилалии намоиши Ҷоми Ҷаҳонии 2018-и Русия аз рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Лондон, пойтахти Англия бо ҳузури ситораҳои машҳури ҷаҳони футбол оғоз шуда буд.

Ҷоми Ҷаҳонии 2018-и Русия масири 27 ҳазоркилометрӣ аз 91 шаҳр дар 57 кишвари қораҳои мухталифро тай хоҳад кард ва сипас дар шаҳрҳои Русия низ мавриди боздиди умумӣ қарор мегирад.

Токио, пойтахт Ҷопон охирин масири тури байналмилалии намоиши Ҷоми Ҷаҳонии 2018 пеш аз бозгашт ба Русия аст.

Рақобатҳои футболи Ҷоми ҷаҳонии Русия 14 –уми июни соли ҷории мелодӣ оғоз мешавад ва ҷоми қаҳрамонӣ рӯзи понздаҳуми июл ба тими аввали мусобиқот эҳдо хоҳад шуд.

Ҷоми қаҳрамонӣ аз ҷинси тиллост ва беш аз шаш килограм вазн дорад ва тарроҳии кунунии он аз соли 1974 ба ин шакл будааст.