Феврал 10, 2018 15:21 Asia/Dushanbe
  • Намоиши гавҳарсангҳо дар рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Туркманистон

Дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Туркманистон дабирхонаи "Машҳад, шаҳри ҷаҳонии саноъати дастии гавҳарсангҳо" намоишгоҳеро бо ҳадафи ривоҷ додан ва пешниҳоди дастовардҳои фарҳангӣ дар музейҳои ҳунарҳои муосир дар Ишқобод-пойтахти Туркиманистон барпо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо солрӯзи пирӯзии шукуҳманди инқилоби исломӣ ва дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркманистон намоишгоҳи гавҳарсангҳо бо ҳузури ҳунрмандоне аз шаҳри Машҳад ва устони  Хуросони разавӣ (шарқи Эрон) баргузор шуд.

Истиқболи гарм аз намоишгоҳи фирӯза ва  ҷавоҳироти Эрон,  нишондиҳандаи  алоқамандии мардуми Туркманистон ва ошноии онҳо бо фарҳанги Эрон аст.

Вазири фарҳанги Туркманистон, сафири Эрон ва ройзани фарҳангии Эрон дар Туркманистон низ аз боздикунандагони ин намоишгоҳ буданд.

Малиҳа Султонӣ- масъули дабирхонаи гавҳарсангҳо ҳам дар ин намоишгоҳ ба муаррифии фаолиятҳои дабирхонаи "Машҳад, шаҳри ҷаҳонии гавҳарсангҳо" пардохт.

Дар нишасти илмие, ки дар ҳошияи ин намоишгоҳ баргузор шуд дабирхонаи шаҳри ҷаҳонии гавҳарсангҳо барои омӯзиши гавҳаршиносӣ ва гавҳартарошӣ ба алоқамандон эъломи омодагӣ кард, ки ин амр мавриди истиқоболи ҳунармандон қарор гирифт.

Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Туркманистон бо ҳузури раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, вазири фарҳанги Туркманистон ва сафири Эрон ва ройзани фарҳангии Эрон дар Туркманистон аз 18-ум то 21-уми баҳман (ҳафтум то даҳуми феврал) дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд.