Чеҳраи мавриди ғазаби Каримов-сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 16 Feb 2018 13:28:00 GMT )
Феврал 16, 2018 18:28 Asia/Dushanbe
  • Чеҳраи мавриди ғазаби Каримов-сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон

Қарор аст сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон аз рӯзи 20-уми феврал масъулияти касбии худро дар ин мақом оғоз кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз манбаъҳои хабарӣ   Эргаш Шоҳисматов, ки то пеш аз ин раёсати ширкати давлатии "Узбектрансгаз"-ро ӯҳдадор буд, ба зудӣ роҳии Душанбе мешавад ва ҷойгузини Шоҳқосим Шоҳисломов дар мақоми сафири Узбакистон дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

 Эргаш Шоҳисматов зодаи шаҳри тоҷикнишини Ангрени Узбакистон аст ва дар гузашта раҳбарии ниҳодҳои мухталифи ҳукуматии ин кишварро, ба вежа дар бахши энержӣ ӯҳдадор будааст.

 Гуфта мешавад вай муддате мавриди ғазаби Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон қарор гирифта ва ҳатто зиндонӣ ҳам шудааст.

 Робитаҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар даврони Ислом Каримов дар бадтарин шароити мумкин қарор дошт.  Ин вазъят бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев ба суръат дар ҳоли тағйир аст.

 Нахустин маъмурияти сафири нави Узбакистон дар Душанбе омодасозии нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон эълом шудааст, ки то чанд рӯзи дигар анҷом хоҳад шуд.