Феврал 17, 2018 15:37 Asia/Dushanbe

Сафири Ӯзбакистон дар Русия гуфт: Тошканд барои ҷазби гардишгарони рус ба ин кишвар сафири иҷтимоӣ муаян хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, Баҳром Ашрафхонов ин иқдомро дар ростои дастур ва таъкидҳои Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳури Ӯзбакистон барои таблиғи гардишгарӣ донист ва афзуд: Сафири иҷтимоӣ метавонад шахсияте иҷтимоӣ ё фарҳангӣ бошад.

Ба гуфтаи вай Ӯзбакистон барои шаҳрвандони ҳафт кишвари хориҷӣ режими визаро бекор ва осонсозӣ барои содир кардани визаи гардишгарӣ барои 39 кишвари хориҷиро иҷро кард.

Сафири Ӯзбакистон дар Русия таъкид кард: Гуруҳҳои филмбардорие, ки мехоҳанд дар мавриди ҷозибаҳои гардишгарӣ ва одобу русуми Ӯзбакистон филм  таҳия кунанд, низ аз дарёфти  визаи имтиёзнок бархурдор хоҳанд шуд.

Дар соли 2017 беш аз ду миллиону 520 гардишгар ба Ӯзбакистон сафар карданд, ки ин теъдод нисбат ба соли 2016, 24.3 дарсад афзоиш доштааст.