Боздошти атбои ӯзбакистониву қирғизистонӣ аз сӯйи марзбонони ҷумҳурии Озарбойҷон
Феврал 21, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
Нерӯҳои марзбонии ҷумҳурии Озарбойҷон панҷ шаҳрванди ӯзбакистонӣ ва як табааи қирғизистониро ҳангоми талош барои убури ғайриқонунӣ аз марзҳои ин кишвар ба самти Эрон боздошт карданд.
Ба гузориши “Спутник”, нерӯҳои марзбонии ҷумҳурии Озарбойҷон чаҳор зани шаҳрванди Ӯзбакистон ба ҳамроҳи як нафар табааи ин кишварро дар ноҳияи Фузулии ин ҷумҳурӣ, ба ҷурми талош барои убури ғайриқонунӣ аз марзҳои ин кишвар барои вуруд ба хоки Эрон боздошт карданд.
Ҳамчунин дар амалиёти дигар нерӯҳои марзбонии ҷумҳурии Озарбойҷон ду зани табааи Ӯзбакистон ва Қирғизистонро дар шаҳристони Ёрдимлии ҷумҳурии Озарбойҷон ҳангоми вуруди ғайриқонунӣ ба Эрон боздошт карданд.
Барчасп