Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи силоҳ дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i30667-Боздошти_шаҳрвандони_Қирғизистон_ба_иттиҳоми_қочоқи_силоҳ_дар_Амрико
Ду шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи силоҳ ба минтақаи Қафқози Русия, дар устони Вирҷинияи Амрико боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 01, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи силоҳ дар Амрико

Ду шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи силоҳ ба минтақаи Қафқози Русия, дар устони Вирҷинияи Амрико боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, Таниз Садиқов ва Элдор Резвонови 27 ва 28 сола, дар ҳоли интиқоли 100 адад силоҳи мухталиф ба минтақаи Қафқоз, аз ҷумла Чечен буданд.

Тибқи қавонини иёлати Вирҷиния, муттаҳамин ба қочоқи силоҳ ба 20 соли зиндонӣ, маҳкум мешаванд.