Март 04, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Боздошти муовини вазири энержии Қазоқистон ба иттиҳоми дуздии амволи давлатӣ

Сервиси мубориза бо фасоди Қазоқистон, муовини вазири энержии ин кишварро ба иттиҳоми дуздии амволи давлатӣ боздошт кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, Ғанӣ Саъдибеков, муовин вазири энержӣ ва Эрлан Норибеков, раиси яке аз бахшҳои ин вазоратхона ба иттиҳоми дуздии амволи давлатӣ, боздошт шудаанд.

Аз ин вазоратхона 11 миллион доллар барои назофати яке аз дарёчаҳои Қазоқистон ихтисос дода буд, ки се миллион доллари он, нопадид ва сарфи умури шахсии муттаҳамон шудааст.

Пеш аз ин низ мавориди ин чунинии нақзи қавонин дар вазорати энержии Қазоқистон мушоҳида шуда буд.