Дидгоҳи президенти Қирғизистон дар бораи пойгоҳи ҷадиди артиши Русия
(last modified Wed, 07 Mar 2018 08:18:44 GMT )
Март 07, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи президенти Қирғизистон дар бораи пойгоҳи ҷадиди артиши Русия

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард, ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди артиши Русия дар марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон, ба тасмими Маскав бастагӣ дорад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, Сооронбой Жеенбеков дар як нишасти хабарӣ ба пурсише дар бораи эҳтимоли ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди артиши Русия дар марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон посух гуфт.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар ин бора гуфт, ин тарҳ дар даврони раёсати ҷумҳурии Алмосбек Отамбоев дар Қирғизистон ироа шуд, вале Маскав дар ин маврид ҳанӯз посухи мушаххасе надодааст.

Вай иллати ин дархостро афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва тардид дар мавриди тавоноиҳои Тоҷикистон барои муқобила бо ин таҳдидот маънидод кард.

Ин дар ҳолест, ки пойгоҳи ҳавоии “Кант” дар Қирғизистон ва пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон, дар чорчӯби нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мутааҳҳид ба дифоъ аз марзҳои Тоҷикистон дар баробари ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ аз шимоли Афғонистон аст.

Вале Александр Князев, коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, Русия барои истиқрори пойгоҳи ҷадиди низомии артиши худ дар марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон тамоюл надорад.

Ба гуфтаи вай, Русия вуҷуди ду пойгоҳи ҳавоии “Кант” ва 201-ро барои дифоъ аз амнияти минтақа дар баробари таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ аз шимоли Афғонистон кофӣ медонад.

Вай бо ишора ба талошҳои Ӯзбакистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ин тарҳ натоиҷи мусбате ба бор овардааст ва дигар ниёзе ба ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди артиши Русия дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад.