Март 08, 2018 11:50 Asia/Dushanbe
  • Таъмини ниёзи молии хонавода – сабаби аслии муҳоҷирати тоҷикон ба Русия

Маркази пажӯҳишии Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия эълом кард, бештари ҷавонони тоҷик сабаби аслии сафар ба ин кишварро таъмини ниёзи молии хонаводаҳои худ медонанд.

Ба гузориши сайти “Спутник”, ин марказ натоиҷи ҳосилшударо бо анҷоми таҳқиқе дар миёни коргарони муҳоҷири се кишвари Осиёи Марказӣ ба даст овардааст.

Маркази ёдшуда бо пурсиш аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ӯзбак ва қирғизи 18 то 23 сола, ба чунин натиҷа расидааст, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ниёзи молии хонаводаҳои худро омили муҳоҷират ба Русия медонанд.

Аммо коргарони ҷавони муҳоҷири ӯзбак гуфтаанд, маблағи болои издивоҷ дар кишварашон боис мешавад, ки онон барои кор ба Русия сафар кунанд.

Ин афрод дар бораи мизони сармояи аввалияи мавриди ниёз барои сафар ба Русияро бештар аз 500 доллар ном бурдаанд, ки шомили 110 доллар пули сафари заминӣ (автобус ё қатор), 230 доллар харҷи як моҳаи зиндагӣ ва 200 доллар барои дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат дар Русия аст.

Ҳамчунин теъдоде аз коргарони муҳоҷир гуфтаанд, ин маблағ барои сафар ба Русияро аз ақвом ва наздикони худ қарз мегиранд ва дар тӯли чанд моҳ ба тадриҷ ба онон пардохт мекунанд.

 Павел Лиситсин, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия 500 долларро маблағи калоне барои коргарони муҳоҷир донистааст, ки ба сабаби идомаи буҳрони молии Русия пас аз таҳримҳои Ғарб ва коҳиши дастмузди ин афрод, фароҳам сохтани он кори сахте хоҳад буд.

Аз сӯйи дигар, дар бештари мавридҳо ҷавонони тоҷик, ӯзбак ва қирғиз, ки бо ҳадафи пайдо кардани кор барои нахустин бор ба Русия меоянд, ба сабаби беиттилоӣ аз авзои дохилии ин кишвар, бо монеаҳои мухталифи идорӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ мешаванд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистониро наздик ба як миллион нафар эълом кардаанд.

Аммо ба гуфтаи масъулони созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, илова бар ин афрод, ҳамасола як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ва муваққат ба ин кишвар мераванд ва бо фаро расидани фасли сармо ба ватани худ бозмегарданд.