Март 10, 2018 14:34 Asia/Dushanbe
  • Духтари Назарбоев сарватмандтарин шаҳрванди қазоқ

Маҷалаи Форбс дар феҳрести миллиардерҳои ҷаҳон духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ҳамсари вайро пулдортарин шаҳрвандони ин кишвар ва сарватмандтарин қазоқи чаҳон муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Бишкек, Динора Кулибоева духтари Нурсултон Назарбоев- раиси ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби бузургтарин бонки ин кишвар аст.

Бар асоси иттилооти маҷалаи Форбс дороиҳои Динора ва Теймур Кулибоев- ҳамсари вай тайи соли гузашта ба 2.2 миллиард доллар афзоиш ёфт.

Ҳамчунин дар феҳрести Форбс панҷ шаҳрванди қазоқистонии дигар  қарор доранд.

Дар ҳоли ҳозир Динора ва Теймур Кулибоев беш аз 6.4 миллиард доллар сарват доранд.

Кулибоев аз тариқи ширкате мавсум ба Алмикс бонки мардумии Қазоқистонро ҳидоят мекунанд.

Илова бар ин Кулибоев  раиси Анҷумани тоҷирони Қазоқистон мавсум ба Атамкин- раиси гази энергии Анҷумани ширкатҳои истихроҷи нафту газ, раиси Кумитаи миллии олампик, узви Шурои мудирони Газпром ширкати рус ва раиси федаратсияи бокси Қазоқистон аст.