Март 10, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Кумак ба хонавода - далоили муҳоҷирати ҷавонони Осиёи Марказӣ ба Русия

Ҷомеашиносони яке аз донишгоҳҳои Русия далилҳои аслии сафари ҷавонони тоҷик, қирғиз ва узбак ба Русияро, кумак ба хонавода ва пардохти ҳазинаҳои зиндагӣ, унвон карданд.

Ҷомеашиносони донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия ба баррасии далоили умдаи муҳоҷирати ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин кишвар пардохтанд.

Ин назарсанҷӣ тавассути кормандони Маркази «фаромиллиятӣ ва муҳоҷират»-и донишгоҳи Санкт Петербург бо ширкати шаҳрвандони 18 то 23 солаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон сурат гирифт.

Тибқи ин таҳқиқот, кумак ба хонавода ва таъмини ҳазинаҳои зиндагӣ яке аз далоили умдаи муҳоҷирати шаҳрвандони ҷавони тоҷик, қирғиз ва узбак ба Русия мебошад.

Аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон кумак ба хонаводаҳои худро ба унвони яке аз далоили умдаи муҳоҷират ба Русия, унвон карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки аксари мусоҳибашавандагони узбак дар посух ба ин савол, ҳазинаи зиндагиро далели аслии сафар ба Русия хонданд.

Кормандони ин марказ ҳамчунин ҳазинаи сафари шаҳрвандони ин 3 кишвар барои сафар ба Русияро низ муҳосиба карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон барои сафар ба Русия ба ҳудуди 500 доллар ниёз доранд, ки 110 доллар аз он барои хариди билет, 230 доллар барои ҳазинаҳои як моҳа ва баъд аз сафар ва ҳудуди 200 доллар дигар барои дарёфти ҷойгоҳи расмӣ, дар ин кишвар ниёз доранд.