Нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муҷаввизи Созмони Милалро гирифтанд
(last modified Mon, 29 Aug 2016 04:23:38 GMT )
Август 29, 2016 09:23 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муҷаввизи Созмони Милалро гирифтанд

Нерӯҳои низомии шаш кишвари узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои нахустин бор таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид размоиши сулҳбонӣ баргузор карданд ва муҷаввизи ширкат дар амалиётҳои башардӯстонаи ин созмонро дарёфт намуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Мир-24", нерӯҳои низомии Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тайи 5 рӯзи размоиши муштарак дар қаламрави Беларус, таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид, раванди кӯмакрасонӣ ба паноҳандагон бо ҳамоҳангии созмони "Салиби Сурх" ва озодсозии афроди гаравгонгирифташуда тавассути гурӯҳҳои ҷиноиро бар асоси стандартҳои Созмони Милали Муттаҳид тамрин карданд.

Дар ҷараёни ин размоиши 5 рӯза, беш аз ҳазору 500 нафар аз нерӯҳои низомии шаш кишвари узви СПАД, ҳамчунин кӯмак ба гусели корвонҳои имдод барои сокинони манотиқи мавриди назар, ҷилавгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона ва гашт задан дар масирҳои таъйиншуда барои таъмини амнияти мардуми ғайринизомиро тамрин намуданд.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД таъкид кард, акнун нерӯҳои низомии ин созмон аз ҳаққи мушорикат дар амалиёти сулҳбонии Созмони Милали Муттаҳид бархурдор ҳастанд ва Шӯрои Амният низ аз мизони омодагии ин нерӯҳо огоҳ аст, аммо мушорикати нерӯҳои низомии СПАД дар амалиёти сулҳбонӣ ва башардӯстонаи СММ дар хориҷ, ниёз ба муҷаввизи сарони шаш кишвари узви ин паймон хоҳад дошт.

 Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД ҳастанд.