Шухии Раҳмон дар маросими Шоми Дӯсти бо Мирзиёев+Видео
(last modified Mon, 12 Mar 2018 06:36:44 GMT )
Март 12, 2018 11:36 Asia/Dushanbe

Видеои сӯҳбати президентҳои Тоҷикистону Узбакистон дар консерти "Шоми дӯстӣ” дар Интернет тамошобини зиёде ҷамъ овардааст.

Ба иттилои Ахбор, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбат шӯхиомез мегӯяд, вақте истиқболи гарми мардум аз суханронии Шавкат Мирзиёевро дид, рашкаш омад. Раҳмон гуфт, "шумо суханронии ӯро чунон бо чаппакзании зиёд истиқбол гирифтед, ки ҳангоми суханронии ман ин қадар чаппакзанӣ набуд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ки ҳамчунон дастони Мирзиёевро сар намедод, афзуд: "Ман метарсам, ки Шавкат Мирамонович бо сафари дуюми худ дили ҳамаатонро тасхир хоҳад кард.”

Шавкат Мирзиёев дар посух гуфт: "Эмомалӣ Шарипович самимона ҳарф мезанад, чунки шумо мебинед, ки мо чӣ қадар ҳамдигарро ёд кардем. Мо талош мекунем, сафари шумо ба Узбакистон ҳарчӣ зудтар сурат бигирад ва шумо бо чашми худ хоҳед дид, ки зиёиёни узбак ва мардуми узбак ба шумо чӣ муносибате доранд. Онҳо нафақат дар Тошканд, балки ҳам дар Сурхондарёву ҳам дар Фарғона ва ҳам дар Самарқанд рост истода бароятон чаппак хоҳанд зад.”

Шавкат Мирзиёев рӯзои 9-10 март бо нахустин сафари давлатиаш аз Тоҷикистон боздид кард. Тайи ин сафар байни ду кишвар беш аз 40 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тошканду Душанбе аз ҷумла ҷиҳати азсаргирии ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ва парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвар тавофуқ баста, сокинони Тоҷикистону Узбакистон акнун имкон пайдо карданд, ки ба муддати то 30 рӯз бе виза ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.