Март 14, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони Осиёи марказӣ дар Қазоқистон; панҷшанбе

Раисони ҷумҳурии панҷ кишвари Осиёи марказӣ фардо панҷшанбе дар Остона-пойтахти Қазоқистон гирди ҳам меоянд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон, Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳури Узбакистон, Сооронбой Жээнбеков-раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Қурбоналӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар ин нишаст, ки руйдоде бесобиқа ба ҳисоб меояд, ширкат мекунанд.

Маъмулан раисони ҷумҳурии кишварҳои Осиёи марказӣ дар қолаби нишастҳои Ҷомеъаи ҳамсуд, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ даври ҳам ҷамъ мешаванд, ки ба таври маъмул раиси ҷумҳури Русия низ дар онҳо ширкат мекунад.

Аммо дар нишасти фардои Остона, Владимир Путин ҳузур нахоҳад дошт.

Қарор аст сарони кишварҳои Осиёи марказӣ дар иҷлоси Қазоқистон ба мавзӯъи ҳамкориҳои иқтисодӣ бипардозанд.

Ин нишаст бо даъвати Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳури Узбакистон баргузор шудааст.