Бозори гарми дипломатияи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ
Раисҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо ҳамтои тоҷики худ аз номгузории хиёбони ба номи устод Рӯдакӣ дар пойтахти ин кишвар хабар дод.
Ба нақл аз Ка-Ниюз, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки барои дидори расмӣ ба Қазоқистон рафтааст, баъд аз зуҳри имрӯз бо Нурсултон Назарбоев, ҳамтои қазоқи хеш дидор ва гуфтугӯ кард.
Раҳмон ва Назарбоев дар бораи равобити дуҷониба, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, масоили обу энержӣ ва авзои амниятии минтақа баҳсу табодули назар карданд.
Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки яке аз хиёбонҳои Остона, пойтахти ин кишвар ба номи устод Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ ба нишони дӯстии ду миллат номгузорӣ хоҳад шуд.
Дар поёни дидори раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Тоҷикистон ёддошти сиёсӣ дар бораи идомаи ҳамкориҳои роҳбурдии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзои Назарбоев ва Раҳмон расид.
Вазирони кори ду кишвар созишномаи эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷикро бар асоси ниёзҳои иқтисоди Қазоқистон имзо карданд.
Вазирони умури дохилаи Қазоқистон ва Тоҷикистон созишномаи истирдоди дуҷонибаи муҷримонро имзо карданд.