Март 15, 2018 10:46 Asia/Dushanbe
  • Рақобати маҳсулоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба нафъи масрафкунандагон аст

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, рақобати маҳсулоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон, ба нафъи масрафкунандагон аст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Неъматуллоҳ Мирсаидов бо ишора ба тавофуқи сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, дар музокироти Душанбе бар сари расонидани кумаки 100 миллиондолларии Тошканд барои рушди тиҷорат миёни ин ду кишвар гуфт, дар пайи афзоиши вуруди маҳсулоти тавлидии ширкатҳои ӯзбакистонӣ ба бозори дохилии Тоҷикистон суди бештаре насиби харидорон хоҳад шуд. Зеро маҳсулоти саноатии бофандагӣ ва лавозими хонагии ширкатҳои ӯзбакистонӣ ба маротиб арзонтар ва бо кайфияттар аз маҳсулоти чинӣ аст. Бар ҳамин асос, баргузории дувумин намоишгоҳи саноатии Ӯзбакистон дар Душанбе низ бо истиқболи мардуми тоҷик рӯбарӯ шудааст.

Мирсаидов мегӯяд: "Ҳарчанд, ки мо шоҳиди коҳиши қимати бархе аз маводи ғизоӣ ва колоҳои саноатӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон, ба дунболи боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ ҳастем, аммо тавлидкунандагони тоҷик тавони рақобат бо бозаргонони ӯзбакро надоранд. Аз ин рӯ, онҳо фақат метавонанд бо афзоиши тавлиди себзаминӣ (картошка) ва анвои мева вориди бозорҳои Ӯзбакистон шаванд".

Ба гуфтаи вай, маҳсулоти бофандагии Тоҷикистон низ қудрати рақобат бо колоҳои ширкатҳои ӯзбакистониро надоранд. Албатта шояд бархе аз анвои масолеҳи сохтмонии ширкатҳои тоҷикистонӣ, аз ҷумла сементи ин кишвар тавони вуруд ба бозори Ӯзбакистонро дошта бошад, аммо тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ночиз аст, ки барои арза ба бозорҳои Ӯзбакистон кофӣ нест.