Март 15, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Содироти 126 миллион метри мукааб гази Узбакистон ба Тоҷикистон

Мақомоти масъули Душанбе ва Тошканд тавофуқномаи содироти гази табии Узбакистон ба Тоҷикистонро ба имзо расонданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, тавофуқномаи арзаи гази табии Узбакистон ба Тоҷикистон тавассути мақомоти ду кишвар, ба имзо расид.

Бар асоси ин санад, Узбакистон дар соли 2018 милодӣ ҳудуди 126 миллион метри мукааб газ ба арзиш 15.1 миллион доллар ба Тоҷикистон содир мекунад.

Тошканд ҳар ҳазор метри мукааб гази табии худ ба Душанберо бо нархи 120 доллар арза мекунад, ки беш аз ду баробар арзонтар аз нархҳои феълӣ дар бозори ҷаҳонӣ аст.

Барои мисол дар ҳоли ҳозир баҳои табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ, 277 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб аст.

Узбакистон омодааст, ҳаҷми содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро дар сурати афзоиши тақозои тарафи тоҷик, бештар кунад.

Узбакистон дар соли 2012 милодӣ содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро ба таври комил қатъ кард.

Масрафкунандагони аслии гази табии Узбакистон дар Тоҷикистон, «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва бархе дигар аз корхонаҳои санъатӣ, аз ҷумла “Корхонаи сементи Душанбе” башумор мерафтанд.

Санади ҷадиди хариду фурӯши гази табии Узбакистон миёни ширкати «Тоҷик-трансгаз» ва «Уз-трансгаз» дар таърихи 9 марти соли ҷорӣ дар чорчӯби нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид.