Март 15, 2018 19:54 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба садри аъзами Олмон

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев,раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар паёмҳои ҷудогона, интихоби дубораи Ангела Меркел ба унвони садри аъзам Олмонро ба вай, табрик гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ бо табрик гуфтани пирӯзӣ дар интихоботи парлумонӣ ба Меркел, тавсеаи тавсеаи бемайлони муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Олмонро яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати хориҷии кишвараш унвон кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома таъкид кард, мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаю судманди мо дар соҳаҳои мавриди таваччуҳи тарафайн мутобиқ ба манфиатҳои ҳаётии ҳар ду давлат дар оянда низ бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин паём, хостори густариши бештари ҳамкории ду кишвар шуд ва аз омодагии Душанбе дар ин замина, хабар дод.

Дар паёми Назарбоев ҳам омадааст, пирӯзии Шумо дар интихоботи парлумонӣ далели эътимоди шаҳрвандони олмонӣ ба Шумо ва тақвияти мавқеияти ин кишвар дар Аврупо ва ҷаҳон ва низ тақвияти вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии Олмон аст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар идома, барои Меркел ва мардуми Олмон орзӯи муваффақият ва пирӯзӣ кард.