Эъломи натоиҷи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона
Пас аз поёни нишасти якрӯзаи раисони ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси маҷлиси Туркманистон дар шаҳри Остона, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон натоиҷи ин нишастро, эълом кард.
Ба гузориши “CA News”, Нурсултон Назарбоев гуфтааст, тайи 10 соли ахир барои нахустин бор чунин нишасте бо мавзӯҳои равобит миёни ин ҷумҳуриҳо, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, масоили об ва энежгӣ, ҳамлу нақл ва авзои амниятии минтақа, баргузор шуд.
Вай гуфтааст, ҳеҷ ниёзе ба таъсиси дабирхона ва ё сохтори вежае барои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, вуҷуд надорад ва густариши равобити ҳамаҷониба миёни ин панҷ ҷумҳурӣ, аз заруратҳои рӯз аст.
Раисиҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин аз талошҳои Шавкат Мирзиёев ҳамтои узбакистонии худ барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва обу энержӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон қадрдонӣ ва ташаккур кард.
Назарбоев ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақаро заминасози тақвияти эътимоди мутақобил унвон карда ва хостори содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва Узбакистон ба Қазоқистон шудааст.
Вай таъкид кардааст, афроди судҷӯ дар Қазоқистон қулфинай аз Исроил ворид мекунанд, ки бояд ба ин тиҷорат поён дод.
Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ва Узбакистон ин маҳсул ба таври кофӣ вуҷуд дорад ва ниёзе ба воридоти он бо сарфи маблағи калон аз роҳи дӯр нест.