Март 16, 2018 19:44 Asia/Dushanbe
  • Тафовути қиматҳо дар Тоҷикистону Узбакистон

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори матраҳи тоҷик бо интишори намое дар “Фейсбук” тафовути қиматҳо дар Тоҷикистону Узбакистонро расонаӣ кардааст.

Бар асоси матлаби мунташиршудаи ин рӯзноманигор ва фаъоли мадании тоҷик, қимати маводи зарурие чун гӯшт, шакар ва бензин дар Тоҷикистон гаронтар аз кишвари ҳамҷвори Узбакистон аст. Ин дар ҳолест, ки то ба ҳол ҳеҷ манбаи расмие мизони тафовути воқеии қимати колоҳо дар ду кишвари ёдшударо таъйид ё такзиб накардааст.

Дар айни ҳол, интишори тафовути қиматҳо дар Тоҷикистону Узбакистон бо вокунишҳои мутафовите дар фазои маҷозӣ мувоҷеҳ шудааст. Шуморе аз корбарон тафовути қиматҳоро ғайривоқеӣ донистаанд ва бархе ҳам онро таъйид кардаанд. Аз сӯйи дигар бархе корбарон далели поин будани қиматҳо дар бозорҳои Узбакистонро дар поин будани мизони ҳуқуқ ва дастмуздҳо дар ин кишвар донистаанд.