Март 23, 2018 18:37 Asia/Dushanbe
  • Кору фаъолияти беш аз се миллион шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Русия

Бонки марказии Русия эълом кард, омори атбои кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон, ки дар соли 2017 дар Русия машғул ба кор буданд, аз марзи се миллион нафар гузашт.

Ба гузориши Бонки марказии Русия, Ӯзбакистон бо як миллиону 700 ҳазор нафар, бештарин нерӯи корро дар Русия дорад.

Бино ба эъломи Бонки марказии Русия, шаҳрвандони ин се кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 дар маҷмуъ беш аз ҳаштуним миллиард доллар ба кишварҳои худ пул ҳавола кардаанд.