Март 28, 2018 21:24 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Кишварҳои Осиёи Марказӣ муттаҳиди роҳбурдии Русия ҳастанд

Вазири хориҷаи Русия гуфт: Кишварҳои Осиёи Марказӣ муттаҳиди роҳбурдии Маскав дар минтақа ҳастанд.

Сергей Лавров дар ҳошияи Ҳамоиши байналмилалии Афғонистон “Раванди сулҳомез, ҳамкорӣ дар заминаи амният ва ҳамкориҳои минтақаӣ” дар Тошканд гуфт: Солҳои ахир ҳамкориҳои мутақобили панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон бо Русия беш аз пеш густариш ёфтааст.

Вай гуфт: Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Русия аз авлавияти хоссе бархурдор аст.

Лавров гуфт: Маскав дар Осиёи Марказӣ 20 миллиард доллар сармоягузорӣ карда ва беш аз 7 ҳазору 500 ширкат бо сармоягузориҳои Русия фаъолият мекунанд.