Узбакистон тарофаҳои транзитиро барои Тоҷикистон афзоиш дод
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i3202-Узбакистон_тарофаҳои_транзитиро_барои_Тоҷикистон_афзоиш_дод
Ҳукумати Узбакистон эълом кард, аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ тарофаҳои транзитиро барои васоили нақлияи Тоҷикистон афзоиш додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 30, 2016 06:13 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон тарофаҳои транзитиро барои Тоҷикистон афзоиш дод

Ҳукумати Узбакистон эълом кард, аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ тарофаҳои транзитиро барои васоили нақлияи Тоҷикистон афзоиш додааст.

Ба гузориши сайти «Норма Уз», бар асоси қарори №270-и Ҳукумати Узбакистон, аз аввали моҳи сентябри сол ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон муваззаф ба пардохти маблағи 180 доллар барои ҳаққи транзитии ҳар як воситаи нақлияи хеш дар қаламрави ин кишвар шудааст. Пеш аз ин тарофаи убур аз қаламрави Узбакистон барои ҳар мошини боркаши Тоҷикистон 118 доллар буд, аммо акнун тарофаҳои транзитии Узбакистон барои васоили нақлия Тоҷикистон беш аз 65 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар қарори Ҳукумати Узбакистон таъкид шудааст, ки ронандагони мошинҳои боркаш ва автобусҳои Тоҷикистон, ки аз қаламрави ин кишвар ҳаракат мекунанд, метавонанд маблағи 180 долларро ба унвони тарофаҳои таранзитӣ бобати ҳар як мошини боркаши хеш ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ дар постгоҳҳои гумрукии ин ҷумҳурӣ пардохт кунанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон аз беҳбуди равобит миёни ин кишвар ва Узбакистон сухан мегӯянд, аммо то ба ҳол ҳеҷ нишонае аз тағйири сиёсатҳои сахтгиронаи Узбакистон дар қиболи Тоҷикистон мушоҳида намешавад.