Март 31, 2018 20:22 Asia/Dushanbe
  • Дурнамои равобити Тоҷикистону Узбакистон аз дидгоҳи коршиносони ду кишвар

Коршиносони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистону Узбакистон бо мусбат арзёбӣ кардани тағйироти ахир дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя дурнамои ин муносиботро барои Осиёи Марказӣ муҳим хонданд.

Ба гузориши “Азия плюс”, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов ва Фарҳод Толибов гуфтаанд, ки боз шудани 10 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ва фароҳам шудани сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ба кишварҳои якдигар, тавофуқ бар сари аломтгузории марзи муштарак, барчидани минаҳо аз манотиқи марзӣ, ҳаракати озодонаи васоили нақлия, табодули маҳсулоту коло аз ҷумлаи ин дастовардҳо мебошад. Аммо мушорикати Узбакистон дар тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон, ихтисоси 100 миллион доллар аз сӯйи давлати Тошканд барои рушди тиҷорати байнимарзӣ, додани раводиди яксон ба гардишгарони хориҷие, ки ҳамзамон битавонанд ба ин ду кишвари ҳамсоя сафар кунанд, ҳамкории сохторҳои амниятӣ ва интзомии ин ду ҷумҳурӣ дар мубориза бо таҳдидоти ношӣ аз таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, тақвияти ҳамкории марокизи илмӣ, фарҳангӣ ва пажуҳишӣ аз ҷумлаи барномаҳоест, ки дурнамои муносиботи дуҷонибаро тасбит мекунад.

Гуфтанист, қарор додани шаҳри Самарқанд ба унвони маркази фарҳангии Осиёи Марказӣ мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои ин минтақа хоҳад шуд, ки нишон медиҳад, мардумони ҳавзаи забонҳои форсӣ ва туркӣ тайи асрҳои тӯлонӣ ҳамзистии мусолиматомез доштаанд. Аз ин рӯ, тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон мӯҷиби рушду ҳифзи забони тоҷикӣ дар Узбакистон ва узбакӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд.