Апрел 04, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  •  Самарқанд пойтахти Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешавад?

Ду пажӯҳишгари масоили сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон гуфтаанд, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон тарҳҳои вижае барои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад, ки яке аз онҳо эъломи Самарқанд ба унвони пойтахти Осиёи Марказӣ аст.

Ба гузориши сомонаи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов ва Фарҳод Толибов бо интишори мақолае дар нашрияи “Тоҷикистон”, чопи Душанбе, ба шарҳи сиёсатҳои ҷадиди минтақаии Ӯзбакистон пардохтаанд.

Онҳо дар ин мақола аз тасмими ҷиддии Шавкат Мирзиёев барои дар авлавият  қарор додани равобити ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ хабар дода ва эъломи Самарқанд ба унвони пойтахти Осиёи Марказиро яке аз омилҳои мусоидаткунандаи ҳамгироии кишварҳои минтақа донистаанд.

Ин ду муаллиф ҳамчунин ба дурнамои равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон пардохтаанд.

Самарқанд дар Ӯзбакистон шаҳри тоҷикнишине аст, ки аз лиҳози ҷуғрофиёӣ дар маркази Ӯзбакистон ва Осиёи Марказӣ қарор дорад.