Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон
(last modified Tue, 17 Apr 2018 04:05:31 GMT )
Апрел 17, 2018 09:05 Asia/Dushanbe
  • Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон

Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, равобити Тоҷикистону Узбакистон дар оянда аз рушди бештаре бархурдор хоҳад шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Хурсанд Хуррамов гуфтааст, густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Узбакистон тайи як соли ахир нишон медиҳад, ки Душанбе ва Тошканд барои тавсеаи муносиботи дуҷониба аз иродаи сиёсии қавӣ бархурдор ҳастанд. Ӯ бо ишора ба ихтисоси маблағи 100 миллион доллар аз сӯйи давлати Узбакистон барои ҳимоят аз рушди тиҷорат дар Тоҷикистон, иҷроӣ шудани созишномаи сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар ва азсаргирии содироти газу барқ миёни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя таъкид кард, дар оянда мо шоҳиди тавсеаи муносиботи Душанбе ва Тошканд хоҳем буд. Хурсанд Хуррамов муътақид аст, аз нигоҳи тавони иқтисодӣ, бавижа тавлиди маҳсулоти саноатӣ Тоҷикистон наметавонад бо Узбакистон рақобат кунад. Аз ин рӯ, маҳсулоти саноатии босифати Узбакистон дар бозорҳои Тоҷикистон рақиби коло ва маҳсулоти мушобеҳи чинӣ хоҳад шуд.

Ҳамарз будани Тоҷикистон ва Узбакистон, коҳиши тарофаҳои ҳамлу нақл ва боҷи гумрукии миёни ин ду кишвар мӯҷиби поин омадани қимати маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон шуда, ки ба истиқболи мардуми ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.

Ин коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, рушди сареи иқтисодии Узбакистон дар минтақа метавонад заминаи рақобати пинҳони ин кишвар бо Қазоқистонро барои мудирият дар Осиёи Марказӣ ташдид кунад. Ҳарчанд Узбакистону Қазоқистон созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдии дуҷониба имзо кардаанд, аммо рақобати Тошканд ва Остона аз солҳо қабл барои таъсиргузорӣ бар таҳаввулоти Осиёи Марказӣ оғоз шудааст.