Апрел 17, 2018 18:38 Asia/Dushanbe
  • Кашфи бузурги бостоншиносӣ дар Самарқанд

Бостоншиносони Узбакистон наққошие чубӣ аз давраи зардуштӣ кашф карданд.  

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Осиёи Марказӣ, Фарҳангистони улуми Узбакистон эълом кард, бостоншиносон дар вилояти Самарқанди ин кишвар як наққошии чуби марбут ба давраи зардуштӣ кашф карданд, ки бар он тасовире аз ақшори мухталифи ҷомеаи он давра ҳак шудааст.  

Ин наққошӣ як асари бостоншиносии мунҳасир ба фард ва дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ аст.  

Наққошии кашфшуда 124 сантиметр арз ва 141 сантиметр тӯл дорад ва аз ду лавҳи чубии ариз ташкил шуда, ки бо ҳалқаи филизӣ ба ҳам васл шудаанд.  

Дар қисмати ҷилави ин наққошӣ тасовири афроде аз ақшори мухталифи ҷомеаи он давра ҳак шуда, ки дар чаҳор радиф қарор гирифтаанд ва теъдодашон 46 нафар аст.  

Ба ақидаи бостоншиносони узбак, сюжети аслии ин наққошӣ парастиши Худои зардуштии нишаста дар тахт ба шакли шер дароз кашидааст, ки афрод барои ситоиш дар канори вай ҳозир шудаанд.

Дар вилояти Самарқанд ва дар соҳили Чапруди Дарғум кохи қадимии зимомдорони давраи қабл аз ислом қарор дошта, ки деворҳои он бо наққошиҳои чубии мухталиф тазйин шуда буд.