Апрел 17, 2018 21:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони хадамоти амнияти Тоҷикистону Узбакистон

Раисини созмонҳои амниятии Тоҷикистону Узбакистон мусоили мубориза бо тероризми байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Авесто, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон Ихтиёр Абдуллоев дар Тошканд дидору мулоқот карданд.

Хабаргузории Ховар гуфтааст, ки Саймӯмин Ятимов бо даъвати Ихтиёр Абдуллоев ба Тошканд рафтааст.

Раисини созмонҳои амниятии Тоҷикистону Узбакистон мусоили мубориза бо тероризми байналмилалӣ, ифродгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳаро  баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо заминаҳои бартари таъмини амнияти минтақавиро дида баромаданд.

Ҳамчунин масоили бартарафсозии таҳдидҳои умумӣ амнияти давлатӣ аҳамияти хоса дода шуд.

Мақомоти амниятии ҳарду кишвар дар ин авохир бозгашти ҷангиён, бахусус ҷангиёни ДИИШ аз Ироқу Сурия ба Афғонистонро як чолиши нави амниятӣ барои худ унвон мекунанд.