Апрел 18, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти динмадоронаи раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон

Дар идомаи раванди ислоҳоти фарогир дар Ӯзбакистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ин кишвар фармони “Тадобири такмили фаъолияти бахшҳои динӣ- маърифатӣ”-ро имзо кард.

Ба гузориши “СА-Нюз”,дар чаҳорчӯби ин фармон Академияи байналмилалии исломӣ таъсис мешавад, ки ҷойгузини ду ниҳоди омӯзишӣ- таҳқиқии қаблӣ, яъне Академияи исломии Ӯзбакистон ва Донишкадаи исломии Тошканд хоҳад шуд.

Ин муассисаи олии динӣ шомили бахшҳои мухталифе, аз ҷумла маркази таҳсилоти такмилии мударрисони улуми динӣ хоҳад буд ва илова бар он, мадрасаи илми ҳадис низ таъсис мешавад.

Аз дигар бахшҳои фармони Мирзиёев, поягузории ҷоизаи давлатии “Имом Бухорӣ” аст, ки ба манзури ташвиқи муҳаққиқон ва муаллифон барои омӯзиш ва таҳқиқ перомуни осори илмӣ - динӣ эъто мешавад.

Пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон, Шавкат Мирзиёев аз соли 2016 раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда гирифт ва то кунун ислоҳоти густурдаеро ба вижа дар ҳавзаи масоили динӣ пиёда кардааст.