Апрел 18, 2018 13:35 Asia/Dushanbe

Як хабарнигори узбак бо интишори видеое дар интернет, аз гардишгарони тоҷик хостааст ҳангоми сафар ба Узбакистон қавонини ин ҷумҳуриро риоят кунанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Каримбердӣ Турамурод навиштааст бархе гардишгарони тоҷик ҳангоми сафар ба Узбакистон қоъида ва қонунҳои ин кишварро поймол мекунанд.

Дар видеое, ки ӯ мунташир карда тоҷикон бо мошинҳои гаронқимат бо суръати баланд дар роҳҳои Узбакистон дар ҳоли ронандагӣ ҳастанд.

Турамурод хатоб ба сайёҳони тоҷик навиштааст: Бародарони азиз! аввалан ронандагӣ бо суръати баланд ва бидуни риояти қонунҳо дар кишваре дигар ҳам барои худатон ва ҳам барои шаҳрвандони он кишвар хатарнок аст.

Ӯ идома додааст: Дуввум инки ҳаракат бо мошинҳои сиёҳшиша метавонад сабаби ташвиқи ронандагони узбак ба истифода аз чунин мошинҳое шавад.

Ӯ ҳамчунин идома додааст: Мардуми Узбакистон низ мошинҳое гаронбаҳо доранд, вале ба нишонаи ватанпарастӣ ронандагӣ бо мошинҳои сохти Узбакистонро бартарӣ медиҳанд.

Ӯ ба нақл аз Ихтиёр Абдуллоҳ-раиси хадамоти амнияти давлатии Узбакистон гуфтааст: Бозгушоии сарҳадҳо бо кишварҳои ҳамсоя бархе таҳдидҳо ва хатаротро ҳам ба дунбол дорад.

Ин хабарнигори муътаризи узбакӣ ба гардишгарони тоҷик ҳушдор додааст: Мабодо баландпарвозиҳои шумо боиси зараррасонӣ дар равобити ду кишвар ва мавҷиби баста шудани дубораи сарҳадҳо шавад.

Ӯ хатоб ба ин гардишгарон тасреҳ кард: Мо ба шумо хушомад гуфта ва эҳтиром мекунем, вале аз шумо хоҳиш мекунем ба мардуми Узбакистон ва қоъида ва қавонини он эҳтиром бигузоред, то дустии мо боҳам бештар ва иртибототи ду кишвар мустаҳкамтар шавад.