Чӯбаи дор дар интизори зани қирғиз дар Ироқ
(last modified Wed, 18 Apr 2018 08:46:34 GMT )
Апрел 18, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Чӯбаи дор дар интизори зани қирғиз дар Ироқ

Додгоҳи маркази ҷиноии Ироқ дар иқдоме бесобиқа, барои як зани қирғиз ҳукми эъдом содир кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Сумария”, ин шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамроҳи се зани дигари шаҳрванди ҷумҳурии Озарбойҷон ба иттиҳоми иртикоби аъмоли террористӣ ба эъдом маҳкум шуданд.

Додгоҳи маркази ҷиноии Ироқ ҳамчунин барои ду зани рус ва як зани фаронсавӣ ҳукми ҳабси абад содир кард.

Ҳамаи ин занон аъзои гурӯҳи такфирӣ- террористии ДИИШ будаанд.

Дар моҳи марти имсол эълом шуда буд, ҳамсарони ҷангҷӯёни қирғизии узви ДИИШ ба номҳои Асал Асилқизи бо як кӯдак, Зуҳра Қодирова бо чаҳор фарзанди хурдсол ва Фотима Маъруфҷонова бо панҷ фарзанд дар Ироқ ба иттиҳоми мушорикат дар аъмоли террористӣ ва убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт шудаанд.

Дар иртибот бо боздошти ин афрод, ҳукумати Қирғизистон зимни ирсоли номаи дипломатӣ ба ҳукумати Ироқ, хостори дарёфти маълумот дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвари худ шуда буд.

Дар тайи солҳо фаъолияти ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия, чандин ҳазор нафар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Русия озими ин ду кишвари арабӣ шуда буданд