Апрел 19, 2018 16:59 Asia/Dushanbe
  • Русия барои Узбакистон неругоҳи атомӣ месозад

Раисиҷумҳури Узбакистон аз барномаи ин кишвар барои имзои қарордоди сохти неругоҳи атомӣ бо Русия, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Шавкат Мирзиёев дар ин бора гуфт, санадҳои марбут ба оғози сохти неругоҳи атомӣ бо Русия, имсол имзо мешавад.

Русия ва Узбакистон дар охирин рӯзҳои соли 2017 тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ имзо карданд.

Бар асоси ин тавофуқнома, ду тараф барои сохти неругоҳи ҳастаӣ дар хоки Узбакистон ва ҳамчунин тавсеаи майдонҳои урани ин кишвар, ҳамкорӣ мекунанд.

Алексей Лихачёв, мудири кули «Росатом» дар сафари худ ба Тошканд дар авохири соли 2017 ба мақомҳои Узбакистон пешниҳоди сохти як неругоҳи ҳастаии обӣ- обӣ бо зарфияти 1200 мегаваттро дода буд.

 

Барчасп