Апрел 21, 2018 17:46 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири ҷадиди Қирғизистон мансуб шуд

Муҳаммадқули Абулғозиев, раиси собиқи дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба мақоми нахуствазирии ин кишвар мансуб шуд.

Бо таъйиди парлумон ва Сооронбой Жеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон Муҳаммадқули Абулғозиев, раиси собиқи дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба мақоми нахуствазирии ин кишвар мансуб шуд.  

Тамоми рӯзи гузашта парлумони Қирғизистон номзадии Абилғозиев, барномаи давлати вай ва сохтори онро баррасӣ кард, дар натиҷа вайро ба унвони нахуствазири ин кишвар мансуб карданд, ки иборат аз 11 нафар хоҳад буд.