Суқути гузарномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбабандии ҷаҳонӣ  
(last modified Mon, 23 Apr 2018 12:15:05 GMT )
Апрел 23, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Суқути гузарномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбабандии ҷаҳонӣ  

Бар асоси охирин гузориши муассисаи henley & partners, гузарномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбабандии гузарномаҳои ҷаҳон дар 2017, як то 9 рутба суқут карданд.

Ба нақл аз Форс, Қазоқистон бо шаш рутба суқут дар рутбаи 91, Қирғизистон бо як рутба суқут дар рутбаи 109, Узбакистон бо як рутба суқут дар рутбаи 117, Тоҷикистон бо панҷ рутба суқут дар рутбаи 126 ва Туркманистон бо 9 рутба суқут дар рутбаи 133 қарор гирифт.  

Дар ин радабандӣ, ки 209 кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, Фаронса ва Олмон дорои муътабартарин паспорт буданд ва пас аз онҳо Исландия, Дания, Нидерланд, Норвегия, Шветсия, Финландия ва Италия қарор доштанд.