Апрел 25, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Таътилии мадрасаҳои динӣ дар Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон ба баҳонаи надоштани иҷозатнома, шуморе аз мадрасаҳои диниро таътил кардааст.

Ба гузориши сомонаи интернетии 24, Мирзо Қорибоев- мудири шуъбаи умури динӣ ва қавмиятҳои Қирғизистон рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ эълом кард, токунун 10 мадраса баста ва ба 20 мадрсаи дигар ихтор (ҳушдор) дода шудааст.

Вай аз контроли ҷидии фаолияти ниҳодҳо ва мутасаддиёни динӣ хабар дод ва гуфт: 517 нафар низ ба иттиҳоми ифротгароӣ муҷозот шудаанд.

Сахтгириҳои ахир дар масъалаҳои динӣ дар Қирғизистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ин кишвар дар гузашта болотарин сатҳи озодиро дошт.