Апрел 28, 2018 20:57 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон беҳтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар рутбабандии озодии матбуот

Созмони гузоришгарони бидуни марз, Қирғизистонро ба унвони беҳтарин кишвар дар рутбабандии озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ин рутбабандӣ Қирғизистон дар рутбаи 98 қарор гирифт ва нисбат ба соли гузашта, 9 зина суқут кард.

Созмони гузоришгарони бидуни марз далели уфти Қирғизистон дар ин рутбабандиро даъвоҳои қазоии Аламосбек Отамбоев, раисиҷумҳури собиқ бо бархе нашрияҳои маҳаллӣ ва ҷаримаи онҳо унвон кард.

Кишварҳои дигари Шӯравии собиқ дар ин рутбабандӣ имтиёзотеро аз даст доданд ба истиснои чанд кишвар, аз ҷумла Узбакистон, ки баъд аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев то ҳудуде мероси саркӯбгаронаи раисиҷумҳури собиқи ин кишвар, аз байн бурда ва 4 имтиёз ба даст овардааст.

Беҳтарин мавқеият дар ин феҳраст дар миёни кишварҳои Осиёи Марказиро Қирғизистон ба худ ихтисос додааст.

Норвегия дуввумин сол аст, ки дар рутбаи нахусти ин феҳрист қарор дорад ва номи Кореяи Шимолӣ ҳамонанди соли гузашта, дар рутбаи охири ин феҳраст дарҷ шудааст.