Сентябр 01, 2016 19:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни Истиқлоли Қирғизистон

Мардуми Қирғизистон имрӯз дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар 25-умин солгарди истиқлоли кишваршонро ҷашн гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", мардуми Қирғизистон имрӯз дар майдони марказии шаҳри Бишкек, ҳамчунин дар соири шаҳрҳои бузурги ин кишвар бисту панҷумин солгарди истиқлоли кишваршонро ҷашн гирифтанд.

Дар маросиме, ки дар майдони «Алатау», дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, бархе воҳидҳои низомии Қирғизистон паради ҳарбӣ гузаштаанд.

Алмосбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар ин маросим аз бархе фазосозиҳои сиёсии мухолифон интиқод карда гуфт, аз ду моҳ қабл бархе аз сиёсатмадорон бо истифода аз расонаҳои таҳти ихтиёри худ иддао мекунанд, ки ҳама ислоҳоти пешниҳодӣ барои Қонуни Асосӣ ба ғасби қудрат мунҷар мешавад, ки ин масъала як дурӯғи нафратангез аст. Ӯ таъкид кард, Қонуни Асосии кишвар дар соли 2010 шакли идориро парлумонӣ муаррифӣ кард, аммо ҳама чиз, дар воқеъ, бар пояи эҷоди як режими иқтидоргаро гузошта шуд. Раисҷумҳури Қирғизистон бо интиқод аз баргузор шудани баъзе раъйпурсиҳо дар гузашта афзуд, бархе аз аъзои ҳукумати муваққатӣ дер ё зуд бояд дар қиболи ҳаводисе, ки дар замони ҳузури онон дар қудрат рух додааст, посухгӯ бошанд.

Ҳангоми суханронии Отамбоев дар ин маросим Роза Отунбоева, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки дар давраи интиқолӣ риёсати давлатро ба уҳда дошт, маҳалли баргузории маросимро тарк кард.