Ҳушдори гурӯҳи террористии ДИИШ ба мақомоти Қирғизистон
Манобеи хабарии Қирғизистон аз ҳушдори гурӯҳи такфирӣ террористии ДИИШ ба мақомоти амниятии ин кишвар, хабар доданд.
Чанд сомонаи интернетии рус забони фаъол дар Қирғизистон, аз ҷумла “Де- факто” аз интишори видеое хабар доданд, ки дар он як узви ниқобпӯши гурӯҳи ДИИШ аз мақомоти Қирғизистон хостааст, яке аз аъзои зани боздошт шудаи ин гурӯҳ ба номи Мукаррам Тактогуловаро дар кӯтоҳтарин замон озод кунанд.
Вай дар ин видеое 85 сонияӣ гуфтааст, дар сурати озод нашудани ин зан, ҳаводиси ғайри пешбинӣ ва хунборе дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон рух хоҳад дод.
Аз сӯи дигар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо интишори иттилоияе ҳушдори ДИИШ дар иртибот бо Мукаррам Тактогуловаро бепоя хонда ва тасреҳ карда, таҳқиқ дар бораи интишори ин видео оғоз шудааст.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳамчунин эълом кардааст, хонуме бо номи Мукаррам Тактогулова ҳеҷ гоҳ таҳти пайгарди мақомоти ин кишвар қарор надошта ва мушаххас шудааст, вай дар мусофирати кории хориҷ аз Қирғизистон ба сар мебарад.
Мукаррам Тактогулова, устоди риштаи диншиноси дар донишгоҳи Осиёи Миёна аст.