Сентябр 02, 2016 16:41 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳо аз омодагии Узбакистон ба маросими ҷанозаи Ислом Каримов хабар доданд

Хабаргузории "Reuters" бо такя ба се манбаи худ аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Як дипломат ба ин хабаргузорӣ марги Ислом Каримовро таъйид кардааст.

Аз ин пештар кобинаи вазирони Узбакистон аз шадид шудани вазъи Ислом Каримов иттилоъ дода буд. Дар иттилоияи кобинаи вазирон дар робита ба вазъи Каримов аз ҷумла омадааст: "Ҳамватанони гиромӣ, бо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки дар шабу рӯзи гузашта вазъи саломатии раисҷумҳурамон вахимтар шудааст ва аз ҷониби духтурон он ҳамчун "вазъи шадид" баҳогузорӣ мешавад".

Кабинаи вазирон ин хабарро субҳи имрӯз, дар ҳоле нашр кардааст, ки бархе аз расонаҳо, аз ҷумла пойгоҳи хабарии "Фарғона.ру" шоми дирӯз аз омодагиҳо ба ҷанозаи Ислом Каримов дар Самарқанд хабар додаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе вориди Самарқанд шудааст ва омодагиҳои лозимро барои ҷанозаи Ислом Каримов мегирад.

Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия низ дар Анҷумани Ҳизби адолат ва тавсеа, ки тавассути телевизион ба таври зинда пахш мешуд, аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Йилдирим дар ин Анҷуман гуфт; "Раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов даргузашт. Бигзор Худо ӯро биёмурзад. Аз номи ҷумҳурии Туркия ба мардуми Узбакистон изҳори ҳамдардии амиқ мекунам".

Ислом Каримови 78 сола аз соли 1989 зимоми раҳбарии Узбакистонро дар ихтиёр дорад. Бистунуҳуми август ҳукумати Узбакистон аз беморӣ ва бистарӣ шудани Каримов дар бемористон иттилоъ дода буд. Баъдан бархе аз расонаҳо аз марги Ислом Каримов хабар доданд, аммо манобеи расмии Узбакистон ин хабарҳоро таъйид накарданд.

 

Барчасп