Май 17, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон ­­­– Меҳвари музокироти раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Амрико

Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп, раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Амрико дар Кохи Сафед бо якдигар дидор ва масоили мухталифи Осиёи Марказӣ ва ояндаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, дар ин дидор Трамп бар пешрафтҳои Узбакистон дар иҷрои ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низ ҳамкорӣ бо Узбакистон дар мубориза бо терроризм таъкид кард.

Трамп ҳамчунин бар Осиёи Марказии қудратманд ва мустақил таъкид ва аз талошҳои Мирзиёев бино бар даъват аз раисони ҷумҳурии кишварҳои минтақа барои гуфтугӯҳои муштарак истиқбол кард.

Раисиҷумҳури Амрико бо ишора ба нақши муҳимми Узбакистон дар иқтисоди минтақа, хостори талоши бештари ин кишвар барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ бо Афғонистон шуд.

Трамп аз баргузории муваффақиятомези ҳамоиши байналмилалии “раванди сулҳомез, ҳамкорӣ дар заминаи амният ва ҳамкории минтақаӣ” дар 27-уми март, ки ваҳдати ҷомеаи ҷаҳониро ба намоиш гузошт ва аз Толибон хост, ки ба гуфтугӯҳои сулҳ бо давлати Афғонистон мулҳақ шавад, ҳимоят кард.

Вай ибрози омодагӣ кард, ки ба Узбакистон дар иҷрои тарҳҳои рейлӣ ва зербиноӣ дар Афғонистон кумак кунад.

Шавкат Мирзиёев субҳи рӯзи чаҳоршанбе вориди Вашингтон шуд.

Тайи ин сафар байни ширкатҳои иқтисодӣ ва тиҷории Узбакистон ва Амрико беш аз 20 қарордод ба арзиши 4 миллиарду 800 миллион доллар ба имзо расидааст.

Ҳамакнун дар Узбакистон 164 ширкати муштарак бо сармоягузории сармоягузорони Амрико, аз ҷумла 49 ширкат бо 100 дарсад сармояи сармоягузорони амрикоӣ фаъолият мекунанд.